ДТҶТ

Чемпионати Аврупо-2022 оид ба намудҳои варзиши обӣ дар шаҳри Рим баргузор мегардад

Лигаи шиноварии Аврупо (LEN) пойтахти Италия — шаҳри Римро расман пойтахти Чемпионати Аврупо дар соли 2022 оид ба намудҳои варзиши обӣ эълон намуд.  Дар ин бора аз Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, баъд аз  мусобиқаи соли 1983 маротибаи дуюм аст, ки 36-умин мусобиқаи аврупоӣ дар шаҳри Рим баргузор мегардад.

Чемпионати  Аврупо оид ба намудҳои варзиши обӣ аз 11 то 21 августи соли 2022 баргузор гардида, дар он  иштироки 1500 нафар варзишгарон аз 52 давлати ҷаҳон дар назар аст.

Инчунин тибқи қарори  охирини ҷаласаи лигаи  шиноварӣ Чемпионати Аврупо-2020 дар Будапешт, Чемпионати Аврупо-2022 дар Рим ва Чемпионати Аврупо-2024 дар Федератсияи Россия- шаҳри Қазон ва ё Нижний Новгород баргузор карда  мешаванд.

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018