ДТҶТ

Ҳарзагӯйиҳои навбатии Кабирӣ

Шаби 20 январи соли равон тариқи барномаи “Зидди маҷро” дар  канали ютубии  “Паём” tv  Муҳиддин Кабирӣ, собиқ раиси ҳизби террористии назҳати исломӣ иштирок ва суханронӣ намуд ва бори дигар бо суханҳои пурҳарзаи хеш исбот намуд, ки шахси дорои қалби пур аз ғаразу кина ва нисбати давлат  ва миллати тоҷик заррае ҳам меҳру шавқат надорад. Балки ба хотири манфиатҳои шахсии хеш омодааст имону виҷдонашро бифурӯшад. Агар ӯ чунин инсон набуд, ҳеҷ гоҳ ба давлату миллати хеш хиёнат намекард ва дар сояи хоҷагони хориҷияш дар кишварҳои хориҷӣ умр ба сар бурдаву ин қадар туҳмату таҳқирро нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон раво намедид.

Тавре аён гардид, саволҳои дар барнома ба Кабирӣ пешниҳодшуда сирф сохта ва қаблан омодашуда ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби худи ӯ ва ҷонибдоронаш омода шуда буданд.

Воқеан, бояд иброз дошт, ки барномаи мазкурро ҷуз ҷонибдорони Кабирӣ, ё ба қавле “шаурмахурон” каси дигаре тамошо нахоҳад кард. Аммо, муҷрии барнома дурӯғ мегӯяд, ки саволҳо аз ҷониби шаҳрвандони кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол карда шуданд. Ин дуруғ ба он хотир аст, ки гӯё мардуми кишвар ба чунин суханҳои пур аз таҳқиру туҳмате, ки тариқи ин барнома пешниҳод мегарданд, таваҷҷуҳ доранд ва онҳоро гӯш мекунанд.

Зимни иштироки хеш дар барономаи мазкур Муҳиддин Кабирӣ сараввал доир ба вазъи саломатии наберааш Ҳамза сухан гуфт ва бори дигар ӯ ноҷавонмардона  Ҳукумати Тоҷикистонро ба он айбор намуд, ки гӯё ҳангоми бад будани вазъи саломатиаш барояш иҷозаи аз Тоҷикистон хориҷ шуданро надода буданд. Аммо, маълум аст, ки иддаоҳои Муҳиддин Кабирӣ ва мухолифини Ҳукумат дар мавриди он, ки он замон мақомоти кишвар сабаби аз Тоҷикистон хориҷ шудани он гардида буданд, сад дар сад нодуруст аст. Тавре маълум гардид, пас аз он, ки ҳуҷҷатҳои лозимаи Ҳамзаро ба таври зарурӣ  тартиб доданд, мақомоти марбута бидуни ягон мушкилӣ онро барои гирифтани табобат иҷозати сафар намудан ба хориҷи кишварро доданд.

Дар идомаи суханронии хеш Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон мухолифин ва ҳизбҳои сиёсӣ фаъол нестанд, махсусан ба мисли кишвари Россия ва шахсиятҳое ба мисли Навалний...Вале, тавре медонем ва шоҳид ҳастем, имрӯз дар Тоҷикистон якчанд ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият доранд ва намояндагонашон дар парлумон низ фаъолият бурда истодаанд. Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишвар дар парлумон иштироки фаъолона доранд ва доир ба масъалаву ҳаводисҳои гуногун, махсусан баҳсҳои парлумонӣ фаъолона иштирок менамоянд ва нуқтаи назари хешро озодона баён месозанд. Яъне, метавон бо боварии комил гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ фаъолияти назаррас доранд.

 Дар маҷмӯъ, баромади навбатии Муҳиддин Кабирӣ идомаи баромадҳои қаблии муғризона ва ноҷавонмардонааш ба шумор меравад ва он ҳеҷ гоҳ ба муроду мақсадҳои нопоки хеш нахоҳад расид.

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018