ДТҶТ

Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар шароити муосир

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза бар муқобили нафарони нияти нопокдошта ва чунин падидаҳои ифротӣ, ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ ташаккул ёфта истодааст.

 Донистан лозим аст, ки истилоҳи калимаи экстремизм ва терроризм дар истилоҳи фарҳанги тоҷикӣ набуд.

Эктремизм - (аз калимаи фаронсавии «extremism» ва лотинии «extremus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдории амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои  фаолияти инсон –дар дин, сиёсат, идеалогия ва ҳатто илм ба миён ояд.

Терроризм – сиёсатест, ки ба истифодаи пай дар пайи амалҳои террористӣ асос ёфтааст. Калимаҳои ҳаммаънои терроризм (лотинӣ terror – тарс, даҳшат) чунин мафҳумҳо  ба монанди «зуроварӣ» ва «тарсонидан» мебошанд. Терроризм ҳамчун мафкураи зуроварӣ ва амалиёти таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ ба раванди қабули қарорҳо аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муайян карда мешавад, ки бо таъсиррасонии қудратӣ, тарсонидани аҳолии осоишта ва ё дигар шаклҳои амалҳои зуроваронаи ғайриқонунӣ алоқаманд аст.

Мутаассифона, дар ҷомеа бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ, пойбанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камол расидан ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба эшон исбот намоянд, ки аз таҳсил дур мондан ва касби муайян надоштан сабаби бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро  афтодани онҳо мегардад.

Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин шароит байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро шомили ҳаргуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.  Ингуна афроди тангназар бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос ба даст овардани савоби бисёр, шаҳиди мутлақ гаштан ва дар биҳишт ҷои аз ҳама болоро соҳиб шудан, ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои нодрурусту ғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар, наздикону пайвандон ва  Ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонад.

Ҷавононе, ки на саводи дунявиашон мукаммал асту на диниашон,  аз дасти чунин гуруҳҳои ғаразнок гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба каме ваъдаҳои манфиатдор ба ҷангҳои худкуш мераванд, ҷони худ ва нафарони бегуноҳро зери хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур намекунанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар – Ватан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест нобахшиданӣ.

Мо мардуми Тоҷикистон бояд шукрона аз тинҷиву оромии кишвари азизамон намуда, баҳри пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон аз пештара бештар дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самрҷамъ бошем. Дуст бошем. Иттифоқ бошем. Аз чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ худро канор бигирем. Махсусан, насли ҷавони кишвар бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба таҳсил  ва донишандӯзӣ машғул шуда, дар оянда баҳри пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Дар маҷмӯъ, тамоми қишри ҷомеаро мебояд, бар зидди ин гуна омилҳои номатлуб мубориза  баранд.

Омӯзгори кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С.Раҳимов Ҳалимзода Искандар Асатуло

 

 

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018