ДТҶТ

Назаре ба ҳадафҳои сиёсии хоинони миллати тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Таърих гувоҳ аст, ки дар замонҳои гуногун бо иллати хоиниву зархаридӣ ва аз паи манфиати шахсиву бо парвариш додани ормонҳои ҳавоӣ аз ҷониби баъзе нафарон давлатҳои хурду бузурге аз байн рафтаву халқияту миллатҳои гуногун парешону сарнагун шудаанд. Агарчӣ миллати тоҷик дар масири таърих бузургтарин давлатҳову минтақаҳоро дар иҳотаи худ қарор дошт, вале мутаассифона аз дасти аҷнабиён ва заминагузории нобудии давлат аз ҷониби баъзе сокинони хоину  зархарид ва аз паи манфиати шахсӣ уфтода, дар масири таърих ба шикасту рехтҳои бузурге рӯ ба рӯ шудааст.

Ҳамин аст, ки истифодаи нафарони гумроҳ ба манфиати давлативу миллӣ аз ҷониби дигар кишварҳо ва дар замина тира сохтани фазои сиёсии кишвари дигар ба ҳукми анъана даромадааст.

Имрӯз низ ҷомеа ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки дар доираи барномаҳои манфиатҷуёнаи кишварҳои бузург бо суистифода аз хоинони ин ё он ҷомеа як қатор давлатҳо барои садсолаҳо аз рӯшд бозмонданд ва дар заминаи набарду хунрезиҳои гушношунид нафарони зиёде қурбонии роҳи ноадолатӣ гаштанд.

Дар доираи ин гуфтаҳо бояд таъкид сохт, ки вазъи феълии ҷаҳон ва барномаҳои сиёсии кории қудратмандон аз давраҳои қадим ҳатто то ба қарнҳои гузашта куллан фарқ доранд ва ҳатто серхатару сернайранг гаштаанд. Маҳз офаринишҳо ва ё бузургтарин дастовардҳои инсонӣ, ки  дар   қарнҳои 20 ва 21 рӯи кор омадаанд, заминаи пиёда намудани барномаҳои сиёсии гурӯҳҳо ва ё ба миён овардани майдони бозиҳои сиёсӣ заминагузор шудаанд,  ки шабакаи ҷаҳонии интернет дар зинаи авал қарор гирифтааст.

Интернет дар баробари он ҳама хислатҳои мусбӣ ва чандин маротиб содда намудани мушкили ҷомеа башарӣ, ҳамзамон ба унсури таблиғи назарот ва ақоиди вабои замон терроризму экстремизми динӣ ва дигар проблемаҳои инсонӣ гаштааст.

Ёдоварӣ намудан аз найрангҳои замона ва хиёнату аз паси манфиати шахсӣ афтодани баъзе аз нафарон бар он маъност, ки мутаассифона маҳз чунин хиёнатпешагӣ боис гаштааст, ки миллати тоҷик дар масири таърих ба шикастҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардад ва ҳатто баъд аз наздики ҳазор соли бедавлатӣ дар бомдоди Истиқлолияти комили миллӣ боз ҳам хиёнату зархаридии як гурӯҳ нафарони зиёдеро дар ҷомеа ба гумроҳӣ бурд. Аммо,  таассуфовар он аст, ки то ба ҳол чунин хиёнатпешагӣ маҳз аз ҷониби гурӯҳе, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон замина гушт, идома дорад ва он ҳам аз беруни кишвар.

Имрӯз хурду бузурги ҷомеаи тоҷик хиёнати чунин афродро набахшидаву таъкид медоранд, ки боз ҳам кушиши тира сохтани фазои сиёсии Тоҷикистони барои ҳар як фарди ин кишвар азизу муқаддас бо дасти зархаридон амалӣ нахоҳад шуд, вале барои бисёриҳо суоле норавшан аст, ки оё ин гуна гумроҳон ва ё аз паи манфиати шахсӣ афтодагон чӣ умеде барои дастгирӣ ёфтан мекарда бошанд? Ин суол барои ҳар яки мо низ норавшан боқӣ мемонад.

Мо донишҷӯён, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов суханҳои туҳматангезу иғвоангези нерӯҳои ҷиноятпеша, ба хориҷи кишвар гурехтаанд, дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ мутолиа намуда, Мо ба чунин қарор омадем, ки ба икдоми бехирадона ва қассосҷӯёнаи “Хиёнаткорон” вокуниши шадид нишон дода, симои асосии онҳоро намоён созем. Мо дар ин вокуниши худ мехоҳем аз зовияи биниши шаҳрвандони дар фазои оромиву осудагй ба таҳсилу кори таълиму тарбияи насли ҷавон машғул, идцаоҳои бепояи ин гурӯҳакҳои ҷиноии шикастхӯрдаро шарҳи воқеӣ бидиҳем. 

Дар навбати аввал бояд гуфт, ки агар дар овоздиҳии умумихалқӣ ба интихоботи вакилони парлумони Тоҷикистон ҲНИТ соҳиби камтарин овоз шуда, намояндагонаш ба парлумон роҳ наёфтанд. Яъне, дар муборизаи сиёсй шикасти сахт хӯрданд. Овоз надодани аҳолӣ ба аъзои ин ҳизб аз он сабаб буд, ки бидуни мудохилаи кадом ҳизби исломӣ ва ё нерӯҳои дигар, дар кишвари рӯ ба инкишофи иҷтимоии Тоҷикистон 4998 адад масҷидҳо дар фаъолият мебошанд, ҳар сол 8000 нафар шаҳрвандони кишвар барои адои сафари ҳаҷ ба Макка сафар мекунанд, мусалмонони кишвар, чй ахди тасаннун ва чй ахди ташайюъ, аз ҷумла исмоилиён ва насрониҳову яҳудиҳо масҷиду калисову куништи худро доранд. Давлат ба онҳое, ки лаб ба таҳқири парасторони динҳои дигар мекушоянд, вокуниши катъй нишон медиҳад. Ва монанди ҳамин ҳама диндорони динҳои дар мамлакат вуҷуддошта аз ҳуқуқҳои баробар бархурдор мебошанд. Мардум дарк карда буд, ки барои бароварда сохтани эътиқодоти _ динии худ, мардум ба кадом ҳизбу ҳаракате комилан ниёз надорад. Аммо бинобар ин ки наҳзатиҳоро дигар аз дасташон кадом коре намеомад, даст ба силоҳ бурда, аз тариқи аъзои дар қушунҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирифта, хостанд ба сарнагунсозии ҳукумати қонунӣ бипардозанд. Аммо дере нагузашта низомиёни хиёнаткори ойинномаи афсарӣ, саркӯб ва дастгир шуда, дар ҷараёни пурсиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хиёнатҳои худ иқрор шуданд ва гузашта аз ин нақши раҳнамоӣ ва маблағгузории Муҳиддин Кабирӣ, райси он ҳизби террористиро як-як баён намуданд.

Имрӯзҳо баъзе аз гумроҳон ва ё хоинону зархаридон кучактарин мушкилоти ҷамъиятиро проблемаи сиёсӣ вонамуд месозанд, дар ҳоле, ки зисту зиндагӣ бе мушкилот вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз дар пешрафтатарин давлатҳои сайёра низ мушкилоти хурду бузурги ҷамъиятӣ вуҷуд дорад ва инсон тавони ҳаллу фасли ҳама мушкилотро надорад. Вале, боз ҳам дунболи кучактарин мушкили имрӯзи ҷомеа афтодани  бадхоҳон далели возеҳ аст, ки ин тоифа дар ҳеҷ давру замон пешрафти ин миллатро намехостаанд ва нахоҳанд хост. Коршиносон бар он назар ҳасанд, ки имрӯз ҷомеаро мебояд хуб марому ҳадафи чунин ахбороти иғвобарангезонаро дарк намояд, чун пайравӣ ба он ва чонибдории чунин назарот мардумро ба сардаргумӣ меоварад.

Имрӯҳо барои аксар мардуми кишвар суоле норавшан аст, ки    баъд аз он ҳама хиёнату мардумфиребӣ боз ҳам он хоиноне, ки  дар хориҷи кишвар қарор гирифтаанд, аз ҷомеаи тоҷик чӣ мехоҳанд? Муҳаққиқон вобаста ба ин масъала таъкид медоранд, ки чунин нафарон ҳамеша аз паи ноором кардани фазои сиёсии кишвар ҳастанд. Дар воқеъ, амалӣ намудани ин ҳама барномаҳои бемантиқ  далели он аст, ки чунин афрод аз ҷониби қуввае ва ё давлате сарпарастӣ шуда, фармонбардор ҳастанд. Мардуми тоҷик бояд дарк кунанд, ки ин тоифа ҳамонҳое ҳастанд, ки маҳз ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба сари миллат бор намуданд. Агарчӣ имрӯзҳо чунин нафарон аз озодии баён ҳафр мезананд, вале дар асл ҳамоне ҳастанд, ки кӣ буданд. Танҳо аз ночорӣ барономаи кориро дигар кардаву дар ҳолати даст ёфтан ба қудрат боз ҳам аъмоли нопоки худро идома хоҳанд кард.  

 Воқеан ҳам баъд аз ин ҳама гуфтаҳо боз ҳам хуллосабарорӣ намуданро зарур намешуморем танҳо пешниҳод ин аст, ки дар ҳама ҳолат аз эҳтиёт кор бояд гирифт ва огоҳиву бедориро набояд аз даст дод, чун замони кунунӣ ва вазъи феълии ҷаҳон ва минтақа дар самти нигоҳдошти фазои сиёсӣ ва арҷгузори ба сулҳу суботи ҷомеаву давлат аз ҳар як нафар зиракии сиёсӣ талаб менамояд.

 

 

 

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018