ДТҶТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ -ОМИЛИ МУҲИМИ ҲАМЗИСТӢ ВА РУШДИ ҶОМЕА (Роҳи мо роҳи Ваҳдат, садоқат ва муҳаббат ба ин ватану миллат аст)

Аз таърихи инсоният пайдост, ки омилҳои ҳамзистӣ ва якдигарфаҳмии қавмҳо дар кадом давру замоне набошад, барои муттаҳидӣ, оромӣ, ваҳдату субот ёрмандӣ мекунанд. Маҳз зиндагии осоишта сарчашмаву сабаби асосии рушди тамоми соҳаҳо мебошад.  Зиндагии осоишта бошад, аз ваҳдат сарчашма мегирад. Маънии вожаи ваҳдат ягонагиву иттиҳодӣ буда, саодати рӯзгору зиндагӣ ва дирӯзу имрӯзу ояндаи ҳаёти одамӣ дониста мешавад.

Тавре илм собит намудааст, яке аз шартҳои муҳим дар сиёсати давлатдорӣ ин Ваҳдати миллист. Ваҳдати миллӣ дар баробари-ин омили пойдору пуриқтидор гардидани ҳар як давлат мебошад. Ваҳдат - беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Сулҳу салоҳ дар табиату  хислат, хулқу атвор, сиришту ниҳод, дар хуну пӯсти инсон ва дину имони ҳар халқу миллат  аз дер боз мақоми марказиро дорост. Бо дӯстиву  ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванду рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ваҳдат кафили рушду нумӯ, таҳкимбахши пояҳои давлату давлатдорӣ, пойдории арзишҳо ва фарҳангу тамаддуни ҳар халқу миллат аст.

Агар мо ба таърихи начандон дурамон рӯ орем, таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик борҳо аз санҷиши сарнавиштсози гузашта фарҳангу тамаддуни худ, арзиш ва асолати миллиро аз даст надодааст. Мардуми тоҷик аз давраи қадим бар зидди аҷнабиёне, ки ба хоки онҳо ҳуҷум мекард, муборизаи қаҳрамонона мебурд. На теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи хунрези Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳии давлату давлатдорӣ ва фарҳанги аҷдодии моро шикаста натавонистанд. Агар набарду муборизаҳои оштинопазир  баҳри пуштибонии истиқлолият ва давлатдории аҷдодӣ бо сарварии Шераку Сипитамен, Деваштичу Муқаннаъ, Темурмалику  Маҳмуди Торобӣ сурат гирифта бошанд, талошҳои маънавию худшиносӣ барои пойдории истиқлолияти фарҳангӣ ва  бақои умри миллат ба шарофати сулолаи номдори Сомониён, шоирони нависандагони барҷастаи миллат, ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Абурайҳони Берунӣ,  Носири Хусраву Камоли Хуҳандӣ,  Наршахию Дақиқӣ, Низомулмулку Балъамӣ  пушт ба пушт идома ёфтааст. Қобили зикр аст, ки дар тамоми давраҳои маҳрумият аз давлатдории худ мардуми соҳибтамаддуну фарҳангпарвари тоҷик ҳуввияти баланди миллӣ ташаккулу такомул ёфта, мақоми хоса пайдо намуда буд.

Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик чун таркиби ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тӯли мавҷудияти хеш дар таркиби чандин давлатҳои бузургу кӯчак зиндагӣ намуда, аз пайи ҳалли ормону орзуҳои хеш буд. Мутаассифона, ибтидои солҳои 90-уми асри XX барои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқии шомили он як давраи ғайричашмдошти инкишофи таърихии онҳо гаштбахусус ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз оғози сукути ин давлати абарқудрат дарак додАкнун  ҷумҳуриҳо якояк мазмуну муҳтавои истиқлолияти худро мавриди таҷдиди назар қарор дода, барои ба даст овардани истиқлолияти комил саъю талош менамуданд. Ин тамоюл Тоҷикистонро низ аз маҷрои худистисно насохта буд. Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашт. Мутаассифона, солҳои аввали 1990-ум душманони миллат аз норасогиҳои иҷтимоиву иқтисодии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ истифода намуда, байни мардум алангаи ҷангро афрухтанд, ки дар натиҷа шаҳрвандони зиёд на танҳо тарки Ватан карданд, балки хуни ҳамватанони бегуноҳ рехта шуд. Илова ба ин, ҷанг ба иқтисодиёти бе ин ҳам вазнини он давраи мамлакат ҳисороти зиёд  овард. Тавре аз таҳлили коршиносон бармеояд, ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар харобиҳои ниҳоят зиёд овард.  Агар ба   сарчашмаҳои таърихӣ рӯ орем,  дар давоми 5,5 ҳазор сол дар сайёраи мо-Замин зиёда аз 14 000 ҷангҳои ватанӣ, қавмӣ, қабилавӣ, миллӣ, минтақавӣ, ноҳиявӣ, дохилӣ ба вуқуъ пайвастаанд, ки дар натиҷа  беш аз 3 миллиард одам қурбон, ҳазорон кишвар, шаҳру деҳоти ободу зебо ба хок яксон гаштаанд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар охири асри бистум, дар кишварамон ба вуқӯъ омад, баъди заволи давлатдории  Оли Сомониён пурхунтарин, даҳшатноктарин ва печидатарин фоҷиаи миллат дар давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Коршиносон ва таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки солҳои ҷанги дохилӣ ба маблағи 7 миллиард доллари ИМА зарари моддӣ ба иқтисодиёти кишвар расонда шудааст. Дар ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 100 ҳазор ҷавон қурбон шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик бесарумон монданд, беш аз 60 ҳазор кӯдак аз навозиш ва оғӯши гарми падар маҳрум гаштанд, беш аз 1,5 миллион тоҷикистонӣ иҷборан рахти мусофирӣ бар кишварҳои дуру наздик бастанд. Хушбахтона, Иҷлосияи  XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаи сулҳу субот дар кишварамон гашт. Ба баракати имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, ки бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад,  миллати тоҷик аз хатари парокандашавӣ раҳо ёфт.  Имзои Созишномаи сулҳ  ба ҷои ҳама он нокомиҳою  ҷудоиҳо, бароми миллати тоҷик сулҳу ваҳдат, ҳаёти осоиштаю  саодатро ато намуд. Дар чунин давраи басо мушкилу ҳассос тақдири миллатро абармарди нотакрор, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ  Раҳмон ба зимма гирифт. Ба ибораи дигар,  таърих ба бахти миллати азияткашидаамон   марди оқилу доно Эмомалӣ Раҳмонро ба сари давлат овард, ки ҳанӯз дар нахустин баромаду муроҷиатҳояшон мавқеи худ ва роҳбарияти давлатро чунин муайян намуданд:  «То охирин фирорӣ ба Ватан барнагардад, ман худро ором ва осуда эҳсос карда наметавонам...»... Ин суханҳо дар як даврае баён гаштанд, ки  дар кишвар бесарусомонӣ авҷ гирифта, Тоҷикистон  ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гашта буд.  Вазъи сиёсии кишвар ноором, иқтисодиёти он бошад, қариб пурра хароб гашта буд…

 Гарчанде роҳи   сулҳу  ваҳдат  осону  ҳамвор   набуд, бо талошҳои Сарвари хирадманди давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати хиради бузурги  ин марди бузурги сулҳофар, ки дар ҷаҳон таҷрибаи бемисл баҳогузорӣ мешавад, ниҳоят мардуми тоҷик аз вартаи нобудшавӣ наҷот ёфт ва ба ҳам омад.  Бо гузашти солҳо он ҳама душвориҳо паси сар гаштанду  Тоҷикистони азиз ба сарзамини сулҳу салоҳ табдил ёфт ва  имрӯз  дар ҳар як гӯшаи кишвар - ҳама ҷо созандагиву ободонӣ бомаром идома дорад. Маҳз натиҷаи ҳамин ваҳдати бебозгашт аст, ки обрӯю эътибору мартабаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  боло рафт ва имрӯз кишварамон   ба макони баргузории  чорабиниҳои бузурги сатҳи байнидавлатӣ, ҳамоишҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ, чорабиниҳои муҳими фарҳангиву мусобиқаҳои сатҳи баланди варзишӣ, макони  ташрифи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ва боз дигар чорабиниҳои азим мубаддал гаштааст. Ба баракати сулҳу суббот,  ваҳдати бебозгашту якдигарфаҳмӣ  дар тамоми соҳаҳои ҳаёти   мамлакат ислоҳоти бавусъат  роҳандозӣ карда шуд. Дар тули 30 соли сипаригардида, ки муддати кӯтоҳ дар таърих ҳисоб мешавад, дар кишварамаон тағийритҳои азим ба амал омаданд. Дар маҷмуъ,  маҳз сулҳу субот,  Ваҳдати бебозгашт, якдигарфаҳмию хиради азалии мардуми тоҷик имкон дод, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти  мамлакат ислоҳоти бавусъату фарогир роҳандозӣ карда шавад.

         Тавре шоҳидем, имрӯз иттифоқӣ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр дигар ташкилотҳои олам гардидааст. Дар мавриди аҳамияти сулҳи тоҷикон ҳанӯз соли 2000-ум Сарвари Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил В.Кратов зимни яке аз баромадҳояш дар шаҳри Душанбе  қайд намуда буд, ки  «Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман, дар тӯли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…». Имрӯз беҳтарин сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро таҷрибаи бемислу беназир баҳогузорӣ намудаанд.

Ҳанӯз соли 1997 Президенти кишвар дар мулоқоташон бо зиёиёни мамлакат  чунин гуфта буданд: «Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдилу якмаром ва якпорча созад». Дар ҳақиқат, имрӯз таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаду мароми аввалии ҳар як ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳифзи ваҳдат ва ягонагии халқҳои кишвари азизамон мебошад. Зеро,  Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.

 Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки имрӯз дар раванди шадиди ҷаҳонишавӣ ва бархурди идеологияҳо зуҳури баъзе омилҳои номатлуб метавонанд ба ин фарҳанги бесобиқаи сулҳу ваҳдати мо халал ворид созанд. Пас,  ин неъмати бузургро ҳамеша чун гавҳаракаи чашм ҳифз намудан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди боору номуси ин кишвар аст. Бахусус, насли ҷавон бояд моҳияти Истиқлолияту Ваҳдат, тинҷиву амониро   пурра дарк кунанд. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз он шукргузор бошанд, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд ва миллати сарбаланду соҳибтамаддун ва Ватани ободу мустақил  доранд. Ин давлати соҳибистиқлол барои имрӯзу ояндаи онҳо ба андозаи имкон шароит муҳайё месозад  ва барои рушду нумӯъи рӯзафзуни кишвар тадбирҳо меандешад. Бесабаб ҳам нест, ки дар осори пурарзиши бузургонамон  Ватану ватандорӣ аз ҳама шарафи бузург маънидод гаштааст. Воқеан, ватандӯстӣ муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷамъият аст. Ватандӯстӣ ғояи асосии ҳар як давлат, бахусус давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Ба ибораи дигар, пояндагӣ ва рушди ҳар як давлат аз садоқату эътимод, ватандӯстию сарсупурдагии шаҳрвандонаш вобастагии зиёд дорад.  

 

Раҳмоналӣ Сафаров, декани  факултети варзиши ДТҶТ ба номи С.Раҳимов, номзади илмҳои сиёсӣ

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018