ДТҶТ

Роҳбарият ва омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов  ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд

Санаи 7 майи соли равон роҳбарият ва омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ба ваксинатсия зидди бемории коронавирус фаро гирифта шуданд.

Нахуст ректори донишкадаи мазкур  Шодӣ Сафаров бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ваксинаи мазкурро гирифта, иброз дошт, ки воқеан гирифтани ваксинаи мазкур барои ҳар як нафар муҳим мебошад, зеро он моро аз бемории коронавирус эмин нигоҳ медорад.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи нақша айни замон маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19  миёни кормандони вазорату идораҳо, кумитаҳо ва дигар сохторҳои давлативу ғайридавтӣ бомаром идома дорад.

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018