ДТҶТ

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили рушди устувори Тоҷикистон

Ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ва шинохту эътирофи давлати навини Тоҷикистон барои миллати тоҷик падидаи басо фаромӯшнашванда мебошад.

Тавре маълум аст, баъди ба даст овардани истқлолияти кишварамон дар сатҳи давлатдорӣ бесарусомониҳо ба миён омадаанд. Ҳазорҳо шаҳрвандони кишвар бар асари ин ҷанги хонумонсӯз ҷони худро аз даст дода, теъдоди зиёди мардум гурезаву дар ба дар гаштанд. Ҳодисаи хунин маҳз шаҳрвандонро ба гирдоби ҳалокатбори худ кашид. Бар арсаи ин воқеоти нангин мамлакат хароб ва миллат афгор гардид.

Вобаста ба ин, ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта ва аланга гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ собит намуд, ки бидуни сулҳу субот рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ ғайриимкон буда, баръакс, рушд ва пешрафти ҷомеа аз Ваҳдати миллӣ вобаста аст. Ваҳдати миллӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ яке аз шартҳои муҳим ба шумор меравад, бахусус барои ҳар як давлати тозаистиқлол аз қабили Тоҷикистон, ки баъд аз талошҳои тулонӣ ба мустақилият расидаанд. Ваҳдати миллӣ дар баробари кафили пойдорӣ, суботу амният ва аз шартҳои муҳими тараққиёти давлат мебошад. Тоҷикистон дар марҳилаи аввал ҳарчанд ба ҷанги таҳмилии мувваққатӣ рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, аммо бо зарурати таърихӣ ва нерӯи фикрӣ, инчунин бо фитрати азалии гузаштагони хеш дар кутоҳтарин муҳлат ҷанги таҳмилиро ба сулҳи устувор иваз намуд. Ба вазифаи Роҳбари давлат шахсияте омад, ки тамоми вуҷуду ҳастияшро баҳри ҳимояи ин марзу бум  бахшид.

Имрӯз сарҷамъии ин  кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ба хушбахтии халқ ва саодати Ватан, таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки воқеан ҳам нақшаву нияти нек дошт, замираш саршори ҷасорат ва эҳтиром ба халқу давлат буд. Аз рӯзҳои нахсустини роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳкими сулҳ бахшид ва дар ин ҷода муваффақ шуд. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар шаҳри Москва, ки ба таърихи 27 –уми июни соли 1997 рост омад, дар ҳошияи бузургтарин ҳодисаҳои нодир дар таърихи сиёсати ҷаҳонӣ дар охири қарни ХХ қарор хоҳад дошт. Таърихи инсоният то ин дам ёд надошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишваре ба ин зудӣ поён ёбад ва тарафҳои даргир бо дарки воқеияти зиндагӣ якдигаро бубахшанд ва боз ба ҳам оянд. Баробари ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо марҳилаи нави таррақиёт оғоз ёфт. Нобоварӣ ва мухолифат аз байн бардошта шуд, зиндагии осоишта барои ҳар як узви ҷомеа ба миён омад. Дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангие, ки тули ин солҳо дар кишвари мо ба миён омадаанд, бешубҳа, ҳама самари Ваҳдати миллӣ мебошанд. Барои миллати тоҷик 27 июни соли 1997 чун санаи муқаддас, як рӯзи дар ҳаққиқат таърихӣ, зиёда аз ин ҳамчун як воқеаи тақдирсоз мавқеву мақоми хос дорад. Дар ин ҷода, мо бояд дар атрофи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардем.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Мо бояд шукр гуем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидем ва сулҳу субот, Ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем”. Ин суханони Сарвари давлат ҳар яки моро вазифадор менамоянд, ки дастовардҳои истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифзу эҳтиёт кунем. Миллати тоҷик бояд суннатҳои волои гузаштагони худро, ки таҳаммулпазириву тамаддунофаринӣ будааст, бояд арҷ гузоранд, мероси беназири гузаштгонро пос доранд.

Хушбахтона, шаҳрвандони кишвар ин ҳикмати бузургро хуб дарк намудаву қадр мекунанд. Воқеан, имрӯз Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ чун дигар давлатҳои пешрафта, бо азму талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори хешро ба сӯи ояндаи неку дурахшон гузошта истодааст.

Устодони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии  Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018