ДТҶТ

Тарбияи ҷисмонӣ

     1-сенятбри 1971 соли нави таҳсил дар 10-умин донишкадаи олӣ дар ҷумҳурии мо оғоз гардид. Факултети «Тарбияи ҷисмонӣ» аз оғози таъсисёбии донишкада яъне дар соли 1971 таъсис дода шудааст. 

       Дар  донишкадаи 2- факултет:  (педагогӣ ва варзишӣ) ва 10 кафедра таъсис дода шуда буд.  Дар онҳо 620 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, ки   277 нафар довталабон бори нахуст қабул гардиданд. Дар донишкада факултети Педагогӣ дар заминаи факултети Трабияи ҷисмонии Донишгоҳи омўзгории Ш. Душанбе таъсис ефтааст.

    Дар қатори кафедраҳои Ҷомеашиносӣ, ва таббӣ биологӣ боз кафедраҳои Варзиши сабук, Бозиҳои варзишӣ, Назария ва услуби тарбияи ҷисмонӣ ташкил карда шуда буд.

       Нахустин декании  факултети «Тарбияи ҷисмонӣ» -ро аз соли таъсисёбӣ  то соли 1980 яъне қариб ба муддати 10-сол устоди варзиши Иттиҳоди Шўравӣ Муродов Абдулло Муродович ба уҳда дошт. Дар ин муддати сарварӣ  устоди бисёр гиромӣ дар самти  пешрафти кори таълиму тарбия дар факултет саҳми бисёр босазое гузоштаанд.

      Баъдар  сарварии факултетро устодон, номзади илмҳои педагогӣ,   Учаев Б.Г. , Тавакалов А., доктори илмҳои педагогӣ  Сафаров Ш.А.,ки имрўз ректори донишкада ҳастанд, Сироҷов А. , Каримова Д. Ҷ. Сафаров С. С.  ба уҳда доштанд.

        Айни замон дар факултети Тарбияи ҷисмонӣ кафедраҳо ва ихтисосҳо ба монанди Гуштини миллӣ, Гимнастика, Футбол, Волейбол, Баскетбол  ва ғайраҳо таъсис ёфтаанд.

    Аз ҳисоби олимони варзида, варзишгарони шинохта, коршиносону омўзгорони доною тавоно базаи моддию машқӣ ва таълимӣ рўйи кор омада, теъдоди олимон мутахассисони варзида зиёд гардидаанд.

    Шогирдони қаблии факултет, ки дар сабқатҳои ҷаҳонӣ бо мувафақият баромад карданд, инҳоянд:

Сайидмуъмин Раҳимов соли 1975 Қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштини самбо дар Минск ва ҷоизадори чандин сабқатҳои дигар.

Зебиниссо Рустамова соли 1976 дар Бозиҳои 21-уми олимпӣ дар Монреал соҳиби ҷоизаи бринҷи гаштааст .

Э . Шиллер соли 1977 Қаҳрамони ҷаҳон оид ба гимнатискаи бадеӣ.

         Ҳоло  чандин нафар ситораҳои дурахшони варзишии факултет аъзои дастаи мунтахаби кишвар ба шумор мераванд.

        Ба ҳаминҳо монад чандин нафарони дигар, ки тарбиятгирандагони факултет мебошанд, дар соҳаҳои гуногун кор ва фаъолят  мекунанд.

    Муҳлати таҳсил дар факултети мазкур 4-сол  мебошад.  Донишҷўёни факултет баъди хатм,  ихтисоси муаллими Тарбияи ҷисмониро соҳиб мегарданд. Онҳо дар баробари гирифтани ихтисоси омузгори фанни Тарбияи ҷисмонӣ, инчунин  бо рутбаи афсари хурд мушараф  гашта, метавонанд дар мақомотҳои қудратӣ кор ва фаъолият кунанд.

      Аз соли 2014 инҷониб факултет тибқи низоми кредитии таҳсилот фаъолият карда истодааст. Айни ҳол дар пешрати кори факултет масъулони зерин ҳиссагузорӣ карда истодаанд: Қаландарбекова Б.,

Сохтори факултет

Деканат

Шўрои методӣ,    шўрои факултет,    ноиби декан оид таълим, ноиби декан оид ба тарбия.

Кафедраҳое, ки тобеи факултет ҳастанд:

Варзиши сабук, Футбол, Волейбол, Баскетбол, Гимнастика, Гуштини миллӣ, Анатомия ва физиология.

Ихисосҳо

Варзиши сабук, Футбол, Волейбол, Баскетбол, Гимнастика, Гуштини миллӣ, Туби дастӣ, Чавгонбозӣ .

   Кафедраҳои факултет кадрҳои худро асосан аз ҳисоби хатмкунандагони болаёқат ва дорандагони дараҷаҳои варзишӣ аз қабили Номзад ба устоди варзиш ва Устоди варзиш пурра мекунанд.

       Дар оғози  таъсисёбии худ Донишкадаи  тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дорои 2- факултет буд, ки яке аз ин факултетҳо дар он давра факултети «Тарбияи ҷисмонӣ» ба ҳисоб мерафт. 

       Факултети «Тарбияи ҷисмонӣ» аз оғози таъсисёбии донишкада яъне дар соли 1971 таъсис дода шудааст.  Нахустин декании  факултети «Тарбияи ҷисмонӣ» -ро аз соли таъсисёбӣ  то соли 1980 яъне қариб ба муддати 10-сол устоди варзиши Иттиҳоди Шўравӣ Муродов Абдулло Муродович ба уҳда дошт. Дар ин муддати сарварӣ  устоди бисёр гиромӣ дар самти  пешрафти кори таълиму тарбия дар факултет саҳми бисёр босазое гузоштаанд.

      Баъдан  пас аз устод Муродов А. М.  сарварии факултетро устодон, номзади илмҳои педагогӣ,   Учаев Б.Г. , Тавакалов А., доктори илмҳои педагогӣ  Сафаров Ш.А.,ки имрўз ректори донишкада ҳастанд, Сироҷов А. , Каримова Д. Ҷ. Сафаров С. С.  ба уҳда доштанд.

    Муҳлати таҳсил дар факултети мазкур 4-сол  мебошад.  Донишҷўёни факултет баъди хатм,  ихтисоси муаллими Тарбияи ҷисмониро соҳиб мегарданд. Инчунин донишҷўёни факултети мазкур, дар бахши 2-юм барои таҳсил ба кафедраи Ҳарбӣ сафабар карда мешаванд. Онҳо дар баробари гирифтани ихтисоси омузгори фанни Тарбияи ҷисмонӣ, инчунин  бо рутбаи афсари хурд мушараф  гашта, метавонанд дар мақомотҳои қудратӣ кор ва фаъолият кунанд.

   Факултет дар тули зиёда аз 45- соли фаъолияти  худ чунин шогирдон, дастпарварон, Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, Қаҳрамони ҷаҳон аз қабили Сайидмуъмин Раҳимов, Зебуниссо Рустамова, А. Абдувалиев, Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Парвиз Собиров, Фарҳод, Дилшод Восиевҳоро барои расидан ба қуллаҳои баланди варзишӣ тарбия намудааст.   Инчунин  чандин донишҷўёни дигар   факултетро хатм кардаанд, ки дар соҳаҳои гуногун кор ва фаъолият карда истодаанд.

 

 


Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018