ДТҶТ

Таърих

        Аз оғози фаъолияти худ, ки он соли 1971 нахуст чун Донишкадаи варзиш дар заминаи факултаи тарбияи ҷисмонии  Институти педагогии шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ин маркази   тарбияву парвариш, махзани бузурги илму ирфон ва  варзиш баланд  бардоштани сатҳи маърифат, дониш, маънавиёти  мардум ва  бад ин  васила бунёди ҷомеаи мутамаддин ва  рўзгори  шоистаро  барои  халқи мо  ҳамчун вазифаи  мақаддас ва рисолати  аслӣ ва  таърихии худ шинохт.  Кушодашавии нахустин ва ягона муассисаи олии варзишӣ дар кишвар (то айни замон) - Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бешубҳа як воқеаи муҳим ва фараҳбахш дар ҳаёти маънавӣ – фарҳангӣ ва варзишии мардуми Тоҷикистон буд.

       Тамаддуни варзиши  тоҷик  хеле  қадимӣ  бошад ҳам, бешубҳа  ривоҷу  равнақи илми  варзиш  бевосита  ба номи ин донишкада вобаста аст. Тамоми роҳи тайкарда ва таърихи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайдмуъмин Раҳимовро аз замони таъсиси он то ба имрўз шартан ба чунин давраҳо ё панҷ марҳилаи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст, ки ҳар як  марҳила  хусусиятҳои  ба  худ  хос,  шаклу воситаҳо, имкониятҳо ва роҳу василаҳои  хоси ҳаллу фасли мақсаду вазифаҳо ва нақшаҳои дар пеш истода, расидан ба ҳадафу маром, бартараф кардани муаммову мушкилот ва ӣайраро дошта, аз якдигар бо миқёс, сифат, вусъат ва мазмуну мундариҷаи корҳо ва нақшаҳои амалишуда тафовут дошта бошад ҳам, вале дар маҷмуъ ҳар як марҳила дар байни худ пайванди ногустании таърихӣ дорад ва мантиқан идомаи якдигар мебошанд, якдигарро комилу пурратар месозанд ва бо шахсиятҳои нодиру нотакрор ва қаҳрамонҳои давронсози худ дар маҷмуъ як пайкараи зиндаи таърих, як манзараи умумии гузаштаи хеле ҷолиб, ҷозиб, пуршараф ва ибратангези донишкадаро дар назари мо ҷилвагар месозад. Ҳар як марҳила хишти наве ба бинои пуршукўҳи ин кохи маърифат ва илму ирфон, қадами наву тозае ба пеш, дастовардҳои нав ва нақшаву пешомадҳои нав ба сўи фардои дурахшон аст.

Давраи  якум солҳои 1971-1980-ро дар бар мегирад. Ин марҳила  дар соли аввал бо таъсиси  донишкада ва  поягузории  таҳкурсии он,  пасисаркунии душвориҳо  ва  норасоиҳо, таҳкими  пояи моддӣ- техникӣ, таълимӣ, илмӣ ба  сифати  маркази бузург ва  боэътимоди тарбияи кадрҳои  баландихтисос  хос аст.

Давраи дуюм- солҳои 1981-1990  донишкада  дар тамоми  ҷабҳаҳо, аз ҷумла таълим, тарбия ва илм  ба комёбиҳои  зиёд ноил гардид. Марҳилаи  мазкур бо  афзудани  сафи  устодону донишҷўён, зиёд гаштани шумораи  омўзгорони  дараҷа  ва унвони илмидошта,   таъсиси  факултетҳо ва  кафедраҳои  нав, баланд шудани сатҳу сифати  тарбияи  мутахассисони  ҷавон  фарқ мекунад.

Давраи сеюм- солҳои  1991-2000 ба оӣози  солҳои  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  рост меояд. Хусусияти  хоси  ин   марҳила  аз он  иборат аст, ки  донишкада афзалиятҳои зиёд пайдо намуда, рисолат ва  аҳамияти он   афзуда, дар  сохтори  он  дигаргуниҳои  куллӣ ба амал омад.  Донишкада  дар ин  марҳила ба  туфайли  ӣамхорӣ  ва таваҷҷуҳи  Ҳукумати Ҷумҳурӣ  дар ҳамаи самтҳо, ҳам сифатан ва ҳам миқдоран босуръат инкишоф ёфта, дар иҷрои барномаи давлатии созмони мактабҳои миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷорӣ намудани технологияи муосири таълиму тарбия саҳмгузор гардид. 

Давраи чорум- солҳои 2001-2010-ро чун давраи камолоту хирад ва парвози баланди донишкада ва боз як марҳилаи нав – марҳилаи панҷумро аз соли 2011 то ба имрўз ҳамчун марҳилаи сифатан ва мазмунан нав дар рушду нумўи донишкада ҳисобидан, шояд саҳеҳтар бошад.

Агар ба давраҳои аввали таърихи донишкада рў орем, табиист, ки оӣози ҳар гуна кори нав сангину душвор аст ва таъсису ташкил, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили донишкадаи олии  тарбияи ҷисмонӣ аз ин истисно нест. Аз ҷузъитарин вазифаҳо сар карда, то бузургтарин корҳо – интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти ҳайати илмӣ-омўзгорӣ, қабули донишҷўёни болаёқат, таҳкими пояи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ, ба роҳ мондани ҷараёни муътадили таълиму тарбия, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва корҳои зиёди дигар аз роҳбарият, устодон, бахусус  нахустустодон ва умуман тамоми ҷомеаи донишкада саъю кўшиш ва заҳмати зиёдеро талаб менамуд. Аз ҷониби дигар,  мавҷуд набудани  адабиёти  таълимӣ,  дастуру  васоити  ёрирасон, адабиёти  илмӣ  ба забони  тоҷикӣ  ва мавҷуд набудани  устодон  аз ҳисоби  мутахассисони  маҳаллӣ  яке аз муаммоҳо ва мушкилоти  дигари  ҷиддӣ буд, ки  ба раванди  муътадили  таълим  ҳалал  мерасонид.   Бо вуҷуди  он,  ҳамаи  ин норасоиҳо  ва мушкилоти солҳои аввал  тадриҷан ҳалли  худро  ёфта  паси  сар шуданд.    

Бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти донишкада чун дигар  соҳаҳои кишвар саҳифаи нав –марҳилаи сифатан нав оӣоз гардид. Ба ибораи дигар, даврони  истиқлол як  саҳифаи дурахшон, рўҳу равони  тоза ва нерўю тавони нав дар таърихи  инкишофи донишкада гардид. Дар давоми  бисту шаш соли соҳибистиқлолӣ мактабу  маориф, вазъи  иҷтимоӣ  ва сиёсию иқтисодии  мамлакат  густариш ёфт.  Дар ин давра анқариб Тоҷикистон  симои худро ба тамом дигар  кард. Дар ҳамин  замина  дастоварду  натиҷаҳои  варзишии  мамлакат, аз ҷумла нишондиҳандаҳои донишҷўёни  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов се чанд боло рафт гўем, хато намешавад.  Ин бесабаб нест: баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвар муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард.  Ба шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва пураҳмияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа муқаррар гашт. Сиёсати маорифпарварона, маънавиётгароёна  ва  фарҳангпарваронаи   Роҳбари давлат, таваҷҷуҳ ва ӣамхории  ҳамаҷониба  ва  рўзафзуни  давлат ба илму маориф, мактаби олӣ ва зиёиён, ӣамхориҳои зиёд ба соҳаи варзиш дар фаъолияти гуногунҷанбаи донишкада нақшу таъсири амиқ ва файзбахше  гузошт.  

     Марҳила ба марҳила   вусъат пайдо кардани раванди  таълиму тарбия  дар донишкада  ва вобаста ба талаботи рўз афзудани шумораи  факултаву шуъбаҳо,  самту равияи  ихтисосҳои нав ва дар ин замина афзудани  шумораи  донишҷўёну устодон низ аз баракати истиқлолият мебошад. Дар маҷмуъ,  имрўз донишкада ба  яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии мамлакат  табдил  ёфтааст ё ба ибораи дигар  имрўз донишкада анъанаи дерини падарону модарони ҷаҳоншинохта, нобиӣаҳои варзиши ватаниро дар шакли нав ва рўҳу равони тоза идома бахшида истодааст. Воқеан, бо ҳидояти Сарвари давлат ба донишкада дода шудани номи Қаҳрамони Ҷаҳон оид ба самбо С.Раҳимов воқеаи муҳим ва фаромўшношуданӣ на танҳо дар ҳаёти донишкада, балки  дар  тамоми ҷумҳурӣ гардид.  

 Ҳоло донишкада дорои 5 факултет,  16  кафедра, 3 синфхонаи компютерӣ, 8 толори машқӣ ва 12 варзишгоҳ ва майдончаҳои тамринӣ, китобхонаи  дорои теъдоди васеи адабиётҳо ва  китобхонаи электронӣ барои ҳамаи ихтисосҳо мебошад.   Имрўз донишкада ба як маркази бузурги омода намудани варзишгарони касбӣ, тайёр намудани  омўзгорон, мураббиён, доварон, афсарон, сайёҳон, кўҳнавардҳо, воқеанигорони варзиш  мубаддал гаштааст. Айни замон қариб 200 нафар устодону мутахассисони ботаҷриба дар донишкада кору фаъолияти пурсамар доранд. Теъдоди донишҷўён бошад қариб ба 6000 нафар расидааст. Агар мақоми донишкада панҷ сол қабл дар зинаи даҳум қарор дошт, пас аз соли 2011 инҷониб ба зинаи шашум баромад. Имрўз аз ҷиҳати пешниҳоду таклифот ва ихтирооту кашфиёт аҳли илм ва устодони донишкада дар рақобатҳои илмӣ, табъу нашри китобҳои таълимӣ, барномаҳои ихтисосӣ, таълифи маҷмўаю мақолаҳои илмӣ дар як саф бо дигар муассисаҳои олии кишвар қарор гирифтаанд.  

      Имрўз сиёсати Сарвари давлат ва  Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар  мавриди ба  таҳсил  ҷалб намудани духтарон ва писарон  аз  деҳоти дурдасту ноҳияҳои  кўҳистон аз ҷониби  донишкада ҳамаҷониба  дастгирӣ  меёбад. Айни замон дар факултетҳои  мухталифи  донишкада  қариб  280 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда истодаанд, ки барои онҳо шароитҳои таҳсил  ва фароӣат фароҳам оварда шудааст. 

Дар мавриди робитаву  ҳамкориҳои донишкада бо  донишгоҳҳои олии касбии давлатҳои дигар  қайд кардан лозим аст, ки донишкада аз соли 2007 ба узвияти Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии касбии ҷаҳон шомил гардид ва дар як радиф бо 55 мактаби олии варзишии сайёра донишкадаро чун макон ва пойгоҳи муқаддаси тайёр кардани варзишгарони бомаҳорати касбӣ ба расмият шинохтаанд. Дар ин замина солҳои таҳсили 2011-2012 ва 2012-2013 пайи ҳам ду  кунгураи  илмии байналмилалӣ бо иштироки намояндагони беш аз 40 донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷаҳон дар Тоҷикистон, бевосита дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов доир гаштанд, ки дар он олимон ва аҳли назари варзиш масоили мубрами варзиш, хусусиятҳои гуногунпаҳлўи онро мавриди табодули назар қарор доданд. Моҳи октябри соли 2015 Кунгураи  Y Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии  варзишии ҷаҳон низ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин  Раҳимов доир гардид, ки ин тадбири воқеан ҳам сиёсию таърихӣ, фарҳангию варзишӣ зери васояти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир гардид. Баъди узвият ба Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии касбии ҷаҳон дар навбати худ намояндагони донишкада дар бисёр конгресҳои байналхалқии илмӣ,  аз ҷумла дар кишварҳои Чин, Муӣулистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Булӣористону Украина ширкат варзида, бо ҳаёти варзишии мактабҳои олии ин кишварҳо аз наздик шинос гардида, таҷриба андўхтанд.   

Агар ба рақамҳо рў орем, давоми 46 соли  мавҷудияти  худ  ин боргоҳи  ягонаи  олии варзишии кишварро  беш  аз 32 ҳазор нафар  хатм кардаанд ва ин далели он аст, ки ҳайати кадрии донишкада аз ўҳдаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос сарбаландона мебароянд. Баъдан, ба  шарофати  хатми  ҳамасола  шўҳрату  эътибори  донишкада  дар байни  сокинони шаҳру ноҳияҳо  боз ҳам афзуд ва барои зиёд  шудани  сафи  хоҳишмандони  таҳсил  дар донишкада  ва шумораи  довталабон  мусоидат намуд ва бешубҳа сокинони кишвар мудом аз пирўзию  сарбаландӣ  ва  муваффақиятҳои  ҷолиби  номварони  варзиши ҷаҳонӣ  Зебунисо  Рустамова, Андрей Абдувалиев, Сайидмуъмин Раҳимов,  Аҳтам Раҷабов, Иброҳим Ҳасанов, бародарон Юрий  ва Михаил Лабановҳо, Анатолий Старостин,  Гавҳар Пўлодова, Вадим Соков, Хайрулло Назриев, бародарон Алишеру Рустам, Расулу Ҳаким Боқиевҳо, Гулсара Додобоева, Дилшод Назаров, Эрика Шиллер, Муқаддас Набиева ва ба инҳо монанд барҳақ  ифтихор  менамоянд, ки  маҳз  онҳо  нахустин  алифбои  варзишро  аз донишкада омўхтаанд. Имрўз ному насаби бонувони варзишгар Албина Камолиддинова, Фирўза Зубайдова, Лола Абдуллоева, хоҳарон Фотимаву Зўҳро Таӣоеваҳо, Гулсара Додобоева, хоҳарон Надимаю Мадина Мирзоеваҳо, Лутфияю Фарида Қараеваҳо, Сабоҳат Исмоилова, Мавзуна Чориева, Шаҳло Насриддинова, Дилором Шерова шоистаи таҳсин ва офаринҳост, ки  онҳо дастпарварони ин боргоҳи муқаддас мебошанд.

    Хушбахтона, имрўз ҳам  донишкада ҳамон анъанаи  ӣолибиятҳоро  идома дода,  ҳоло 150 нафар  беҳтарин донишҷўён аз рўйи 15 намуди варзиш узвҳои  пайвастаи тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар  Бозиҳои тобистонаи 29 -уми олимпие, ки  соли 2008 дар шаҳри  Пекини Ҷумҳурии  мардуми Чин  доир гардид,  аз 15 нафар узви даста 9 нафари  онҳоро маҳз  дастпарварони  донишкада  ташкил  медоданд. Ва фоли басо  нек ҳам  буд, ки  байни  онҳо  хатмкардаи донишкада Расул Боқиев  соҳиби зинаи сеюми Бозиҳои олимпӣ ва сазовори ҷоизаи биринҷӣ гардид. Барандаи медали Бозиҳои олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева ифтихори на танҳо донишкада, балки саросари Тоҷикистон аст. Дастоварди Дилшод Назаров  дар Бозиҳои навбатии  олимпӣ на танҳо тоҷикистониён, балки кулли  тоҷикони дунёро шод намуд.      Ҳамагй чанде кабл мо шоҳиди қаҳрамонӣ - дастоварди бузургу беназири варзишии донишҷуи ДТҶТ ба номи С.Раҳимов Беҳруз  Хоҷазода, ки баъди 42 сол дар риштаи гуштини самбо корномаи варзишии ҷаҳонпаҳлавон С.Раҳимовро такрору руҳи уро шод намуд, гардидем.  Ин дастоварди бузурги варзишии Беҳруз  Хоҷазода тамоми  хурду калони Тоҷикистонро  шод намуд.

       Имрўз донишкада бо ӣолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ собиқ хатмкардаҳову дастпарварон ва донишҷўёни ин боргоҳи муқаддас, аз қабилӣ Дилшод Назаров,  Шералӣ Бозоров, Муҳаммад Абдураҳмонов, Парвиз Собиров, Шералӣ Достиев, Акмалиддин  Каримов, Мақсадулло  Ҷабборов,  Анвар Юнусов, Галина Митяева, Сотиболдӣ  Ҳайитов, Мурод  Тўйчиев, Дилшоду Фарҳод Восиевҳо, Абдурауф Мўсоев, Умеда Ҷўраева, Наргис Неъматуллоева, Нодира Мирзоева, Азизбек Гулов, Зарриншои Азиз, Баҳодур Қодиров, Фарҳоди Усмонзода, Фарҳод Қуралов, Лутфулло Розиқов,  Хушвақт Назаров,   Зиёратшо  Баротов, Зоиршоҳ Пиров, Хисрави Иқболшоҳ, Низомиддин Сангов,  Ганҷина Ҳабибуллоева, Шерзод Нормуродов, Бахтиёр Абдуллоев, Беҳрўз Набиев, Лола Лиситса ва Хуршед Маҷидов, ки шаъну  эътибори  кишварамонро  дар арсаи  ҷаҳонӣ баланд бардошта  истодаанд ва даҳҳо тани дигар ифтихор дорад.   

      Вақте сухан дар бораи дастовардҳои рўзафзуни донишкада меравад, зарур аст,  бо  арзи  сипосу эҳтиром  ва  ифтихор номи  собиқ сарварони донишкада Тоҳир Умаров, Репа Фёдор, Иброҳим  Ҳасанов, Камонбардор  Шукроев, Абдуҷаббор Сатторов, Бурихон Ҷобиров, Абдураҳмон Маҳмадов,  Абдулҳаким  Розиқзодаро ёдовар шавем, ки дар  бунёд, рушду нумўъ ва  баланд бардоштани шўҳрати  донишкада хизматҳои шоиста намудаанд.

         Тўли солҳои охир бо роҳбарии  доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафаров Шодӣ Асомуродович донишкада ба дастовардҳои муҳим дар таҳкими раванди таълим, илм, варзиш, корҳои тарбиявӣ  ва таҳкими пойгоҳи таълимию илмӣ ноил гардид.  Пеш аз ҳама дар раванди такмили сифати таълим дар донишкада бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгў як қатор таӣйиротҳои куллӣ ба амал омаданд. Аввалан, компютеркунонии раванди таълим идома ёфта, ташкили марказҳои компютерӣ ва қабули санҷишу имтиҳонҳо тариқи тестӣ - ба воситаи компютер, таъсиси синфхонаҳои компютерӣ падидаи ҷавобгўи талаботи замон мебошад. Дуввум, донишкада аз аттестатсияи  давлатӣ бомуваффақият гузашт ва имрўз ин боргоҳи   варзиш ва дониш  барои тайёр намудани мутахассисон аз рўи ихтисосҳои бакалавару мутахассис иҷозатнома дорад. Савум, дар як муддати кўтоҳ масъалаи ташкили кафедра ва факултаҳои нав ҳалли худро ёфтанд. Чаҳорум, дар тўли солҳои охир таӣйиротҳои назаррас дар фаъолияти  илмиву варзишии ҳайати олимону омўзгорони донишкада ба вуқўъ омаданд. Танҳо дар тўли чор соли охир  дар донишкада 4 симпозиуми байналмилалӣ, 9 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 40 конференсияҳои донишкадавӣ доир гардиданд.   

        Ҳамзамон, вақте дар бораи бурду бохти донишкада,  аз боби  муваффақиятҳо  сухан  меравад,   бояд   асосгузорони  нахуст  пойдевори  алифбои  онро  пеши  назар  оварем.  Дар ин маврид аз боби  меҳнати  босубот  ва арзандаи  устодони  собиқадори  донишкада,  аз қабили Наим Турсунов, Абдулло Муродов,  Тоҷимад Суярқулов, Сандон Анваров, Ғиёсиддин Қаюмов, Амирсултон Наботов, Гул Исоев, Тошбой Маркаев, Мирзоёр Ҷумъаев, Зиё Икромов, Назар Бедимоӣов, Анатолий Арапенко, Борис Учаев, Владимир Виноградский, Арменак Калашян, Арнол Терказарян, Владимир Сидеренко,  Хосият Умарова,  Сафро  Исмоилзода, Раҳматулло  Довудов, Абдуҷалол Халилов, Ольга  Сарокина, Тошмурод Мустафоқулов,  Сафар Комилзода, Бўрӣ Раҳматов ва даҳҳо нафари дигар саҳифаҳо нависем,  кам аст. Бешубҳа, рўзгор ва  корномаи ин  фидокорони илму варзиш  намунаи  ибрат ва  сабақи  омўзанда барои  наслҳои имрўзу  фардо аст.

          Феълан донишкада барои ба меъёрҳои  ҷаҳонии таълиму тадрис мутобиқ сохтани тарбияи мутахассисон кўшиш ба харҷ дода истодааст. Ҳайати  омўзгорону  кормандони  донишкада  имрўз ба оянда бо дилпурӣ ва эътимоди қавӣ  назар андохта, фаъолияти худро  барои  тайёр намудани  мутахассисони  баландихтисос ва  лаёқаманду сазовор  баҳри  эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ  равона кардаанд.   

 Бо  сарфарозӣ  метавон гуфт, ки  ҷомеаи бисёрҳазорнафараи  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов баҳри татбиқи ормонҳои миллат,  баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, фарҳанг, тарбияи кадрҳои баландихтисосу садоқатманд пайваста кўшиш намуда, баҳри ободӣ, шукуфоии Ватан ва ба як кишвари пешрафта, мутамаддин ва мутараққӣ табдил додани Тоҷикистон ва дарёфти мақоми шоистаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ хизмат хоҳанд кард.   Дар маҷмуъ, бо эътимоди комил метавон қайд намуд, ки тамоми дастовардҳои донишкада- вусъати таълиму  тарбия, афзудани теъдоди факултаҳо ва ихтисосҳо, таҳкими пояи моддӣ-техникӣ, таълимӣ – тарбиявӣ, варзишӣ ва нерўи илмӣ –зеҳнӣ натиҷаи фаъолияти самарабахш ва анҷоми муваффақонаи рисолати мактаби олӣ дар шароити кунунӣ, комёбиҳои воқеан бузургу шоиста аз файзи  истиқлол мебошанд. 

 

 

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018