ДТҶТ

Забонҳо

Кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов соли 1971 дар баробари таъсиси донишкадаи мазкур таъсис ёфтааст. Бояд гуфт, ки аз аввали таъсисёбӣ кафедраи мазкур аз рӯи фанҳои тахассусӣ, яъне ба кафедраи забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ то соли 1983 фаъолият намуда, он аз соли 1983 номи кафедраи забонҳоро гирифт. Аввалин сарварони кафедра  Саъдӣ Маҳдӣ, Чернинко ва муаллим дотсент Шарифзода таъйин гардида буданд.

Маврид ба зикр аст, ки то соли 2017 кафедраи мазкур бо кафедраҳои забонҳои хориҷӣ  якҷоя буд. Аз соли 2017 то инҷониб кафедраи забонӣ тоҷикӣ дар алоҳидагӣ фаъолият менамояд. Аз соли 1997 то соли моҳи ноябри соли 2019 мудири кафедраи мазкурро  доктори илмҳои филологӣ Шафоатов А.Н. бар уҳда дошт. Дар кафедра 12 нафар устодон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо як нафар доктор, 3 нафар номзад, ду нафар муаллими калон ва боқимонда асиссентони кафедра мебошанд.

Кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов  ҷиҳати иштирок дар корҳои ҷамъиятии донишкада дар сафи аввал буда, ҳамеша омӯзгорону донишфӯёни ин кафедра тавонистаанд, ки шаъну шарафи донишкадаро дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ  ва озмунҳои байналмилалӣ баланд бардоранд. Донишҷӯёни шинохтаи кафедра Хуросониева Оиша, Имомиддин Искандаров дар олимпиадаи фанҳои забони тоҷикӣ ва хориҷӣ дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  берун аз кишвари азизамон  ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.  Айни замон бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани  ҷашни 10-солагии таъсисёбии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар кафедра нақша-чорабиниҳои махсус тартиб дода шудааст, ки омӯзгорон вобаста ба  ин санаи таърихӣ  омодагиҳои ҳамаҷониба дида истодаанд.

Солҳои охир ба назар мерасад, ки варзишгарон дар баробари он, ки ихтисоси онҳо бевосита варзишӣ мебошад, дар омӯхтани забонҳо низ  маҳорати баланд  ваа  ҳатто дар эҷоди шеър муваффақ гаштаанд. Масалан, донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Сайидмуъмин Раҳимов  Абдураҳимов Сафар аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар озмунӣ “Лоиқхонӣ” сазовори ҷойи аввал гардида, маҳсули эҷоди худро зери таҳрири шоири халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Маъмур аз чоп баровард. Инчунин, донишҷӯёни донишкада Сангов Эмомалӣ, Искандаров Имомиддин, Назирова Сабоҳат ва дигарон  тавонистаанд бо маҷмуаву шеърҳои худ дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ баромад намоянд.  Дар кафедраи забони тоҷикӣ маҳфили эҷодкорони ҷавон бо номи “Ровиёни ҷавон” фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро  корманди радио ва ҳамзамон корманди кафедраи мазкур Хоҷаёров Убайдулло ба уҳда дорад. Инчунин, соли сипаригашта омӯзгори кафедраи мазкур Холназаров Руҳулло рисолаи номзадии худро бо номи  “Топонимияи ноҳияи Лахш” ва мудири кафедраи мазкур  Шафоатов Авзалшо рисолаи доктории худро бо номи  “Ташаккул ва таҳаввули ислоҳоти варзиш дар забони тоҷикӣ” бо муваффақият анҷом расониданд. Айни ҳол дар кафедраи забони тоҷикӣ 3 нафар омӯзгорони дигар дар арафаи дифои корҳои илмии хеш мебошанд, ки инҳо Каримов Самариддин, Миралиева  Сарварбӣ ва  Латифзода Анзурат мебошанд. Дар кафедраи забони тоҷикӣ утоқи алоҳидаи забони тоҷикӣ фаъолият менамояд, ки он бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шудааст.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби муаллимони кафедра якчанд дастур ва барномаҳои таълимӣ таълиф шудаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ Шафоатов А.Н.,  луғатномаи истилоҳоти соҳаи варзиш дар қисми 1 ва 2 ба чоп расида, дастраси хонандагон гардидааст.

Таҳияи дастуру барномаҳои таълимӣ вобаста ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҷониби устодони кафедра минбаъд низ идома дорад.

Аз моҳи декабри соли 2019 роҳбарии кафедраро муаллими калони кафедра Каримов Худойиназар ба уҳда дорад.

 


Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018